Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон китоби «Бонувон дар сиёсат» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муаррифии китоби «Бонувон дар сиёсат»-ро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор кард.
Тавре аз Китобхонаи миллӣ хабар доданд, ҳамоиш бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, сиёсатмадорон, бонувони номвари кишвар, аз ҷумла Раъно Бобоҷониён, Хайриниссо Юсуфӣ, Идигул Қосимова, Марҳабо Ҷабборӣ, Гулрухсор Сафиева ва Руқия Курбонова доир шуд. Ҳамоиши мазкур ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шуд.
«Китоби «Бонувон дар сиёсат» бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр гардида, дар он дар бораи беш аз сад нафар бонувони кишвар, ки дар мансабҳои баланди хизмати давлатӣ фаъолият намудаанд, маълумот дода мешавад»,-зикр кард манбаъ.
Ҳадафи китоби мазкур нишон додани нақши боризи занон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, рушди саноат, кишоварзӣ, фарҳанг ва варзиш дар Тоҷикистон аст.








Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст






