Дар Мактаби президентии шаҳри Хоруғ омӯзиши Паёми Пешвои миллат ба роҳ монда шуд
ХОРУҒ, 28.12.2016 /АМИТ Ховар/. Хонандагони синфҳои болоии Мактаби президентӣ дар шаҳри Хоруғ баъди хондани Паёми Пешвои миллат ба гурӯҳҳо ҷудо шуданд. Аъзои ин гурӯҳҳо самтҳои мушаххасро интихоб карда, онро мутолиа ва сипас миёни худ мубодилаи афкор менамоянд.
Муовини директори мактаби мазкур Айниддин Сомиддинов гуфт, ки барои хонандагони синфҳои 10 ва 11 то расидан ба зиндагии мустақилона як қадам мондааст. Аз ин рӯ онҳо бояд аз имрӯз бо сиёсати дохилию берунии кишвар, ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати худ ҳамаҷониба шинос шаванд. Дар Паём ин ҳама масъалаҳо ба таври дақиқу амиқ таҳлилу баррасӣ ва роҳи минбаъдаи миллат ва давлат муайян шудааст. Мувофиқи хоҳиш гурӯҳи аввал он қисмати Паёмро интихоб намудааст, ки ба соҳаи маориф бахшида шудааст. Дар Паёмҳои қаблӣ ба масъалаи бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва бо технологияи муосир таъмин намудани мактабҳо таваҷҷуҳи бештар равона карда мешуд. Аммо Паёми имсола дар назди устодону омӯгорон вазифаи наву масъулиятнок гузошт.
Аз ин ба баъд масъулини муассисаҳои таълимӣ бояд на ба шумораи хонандагон, балки ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар тамоми зинаҳои таҳсилот диққати ҷиддӣ равона созанд. Дар робита ба ин масъала аз омӯзгорону устодон ва волидон талаб карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд. Инчунин ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд.
Ба ин дарсҳои иловагӣ вобаста ба мавзӯъ мутахассисони ин ё он соҳа даъват карда мешаванд ва ба суолҳои хонандагон дар робита ба Паёми имсола посух мегардонанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






