Дар Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,2 фоиз зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 13.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилояти Суғд ба 5 миллиарду 521,6 млн. сомонӣ баробар гардид.
Тавре аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, ҳаҷми истеҳсол нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 10,2 фоиз зиёд шудааст.
«Дар ин давра дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 315447,9 тонна ғаллагиҳо ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,7 фоиз зиёд, мутаносибан 348431,4 тонна картошка ё 5,3 фоиз, 433243,4 тонна сабзавот ё 2,2 фоиз, 85290,6 тонна пахта ё 14,6 фоиз, 108113,6 тонна меваҷот ё 2,4 баробар, 53001,6 тонна ангур ё 3,1 фоиз зиёд истеҳсол карда шудааст»,-хабар дод манбаъ.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






