Дар Театри давлатии академии опера ва балет маҳфили эҷодии Арбоби ҳунари Тоҷикистон Қудратулло Яҳёзода доир мешавад

Декабрь 6, 2016 12:04

Душанбе, 06.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Маҳфили эҷодии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, композитори маъруф Қудратулло Яҳёзода 16 декабри соли равон соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мешавад. Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо иттилоъ доданд, маҳфил ба 70- солагии оҳангсози маъруф Қудратулло Яҳёзода бахшида мешавад.
Бояд гуфт, ки асарҳои композитор Қудратулло Яҳёзода ҳам аз ҷиҳати созу наво, ҳам матну мазмун, ҳам навозиш ба гўши шунаванда ошно ва самимиву заминианд. Васфи Ватан ва гўшаҳои дилкушои он, меҳри оламгири модар, ваҳдату саодати халқ, садоқати фарзандиву шаҳрвандӣ ва меҳру муҳаббати поки инсонӣ мавзўъҳои эҷодиёти оҳангсозанд.
Ҳамчунин эҷодиёти оҳангсоз Қудратулло Яҳёзода танҳо бо сурудҳо маҳдуд намешавад. Консерти сеқисма барои скрипка ва оркестр, суитаҳои чорқисмаи симфонии «Тоҷикистони ман» ва «Идона», достони симфонии «Ёддоштҳо» (ба хотираи устод Айнӣ), силсилаи оҳангҳои вокалию хореографӣ, сурудҳои фаровон барои бачаҳо (машҳуртаринҳояш «Офтоби ман», «Кабўтарак», «Обаки ширин», «Гулпаракҳо омаданд», «Машъали ҷовидон», «Душанбеи гулобод», ки дар ҷашну консертҳо пайваста садо медиҳанд), оҳангҳо барои созҳои мухталиф, мусиқӣ барои намоишномаи зиёди театр ва ду филми ҳунарӣ аз гуногунпаҳлўии фаъолияти эҷодии ў шаҳодат медиҳанд.

Декабрь 6, 2016 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад