Дар вилояти Суғд 42 чемпионат ва мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ доир гаштанд

Декабрь 24, 2016 11:09

ДУШАНБЕ, 24.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ёздаҳ моҳи соли равон дар вилояти Суғд 42 чемпионат ва мусобиқаҳои мухталифи вилоятӣ аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ гузаронида шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.
Аз ин миқдор дар самти варзиши касбӣ 37 адад ва дар самти варзиши оммавӣ 5 адад чорабиниҳои варзишӣ гузаронида шуданд. Дар мусобиқаҳои касбӣ 6367 ҷавонону наврасон, аз ҷумла 737 духтарон иштирок намуданд.
Инчунин мусобиқаҳои оммавӣ бо ҷалби 147 320 нафар ҷавонону наврасон ва шаҳрвандони касбу кори гуногун гузаронида шуд, ки аз ин шумора 47343 нафар иштирокчиёнро занону духтарон ташкил медиҳанд. Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 баҳри рушду нумӯи соҳаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тадбирҳои зиёд андешида шуданд.
Инчунин, 2 929 нафар аъзои дастаҳои яккачини вилоят, аз ҷумлаи 390 нафар бонувон аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш дар 75 мусобиқаҳои сатҳашон гуногуни ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби 444 медали тилло, 459 медали нуқра ва 518 медали биринҷӣ гардиданд.
Ҳайати 212 нафараи варзишгарони вилоят, аз ҷумла 21 нафар бонувон дар ҳайати тими Тоҷикистон дар 42 мусобиқаҳои сатҳи мухталифи ҷаҳонӣ ширкат варзида, шарафи варзиши тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштанд. Яккачини варзишгарони вилоят дар ҳайати тими Тоҷикистон барои гирифтани 24 медали тилло, 41 медали нуқра ва 39 медали биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Декабрь 24, 2016 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад