Дар вилояти Суғд лагери зимистона барои волонтёрони ҷавон ба фаъолият оғоз намуд

Декабрь 29, 2016 15:41

ДУШАНБЕ, 29.12.2016. /АМИТ Ховар/. Имрӯз гурӯҳи 80-нафараи ҷавонон бо мақсади иштирок дар дуюмин лагери зимистонаи ҷумҳуриявии «Мактаби рушди волонтёрони ҷавон» ба мавзеи Шоҳини шаҳри Гулистони вилояти Суғд сафарбар шуданд. Ба ин гурӯҳ хабарнигори АМИТ «Ховар» Суғдмеҳри Маъруфзод низ шомил аст.
Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдорони лагерро ба муносибати бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017-соли ҷавонон табрик намуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҷавобан ба таваҷҷуҳи Пешвои миллат масъулияти баланди шаҳрвандиро эҳсос намуда, баҳри ободии диёр ва муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ҷаҳду талош варзанд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, лагер бо иштироки 100 нафар ҷавонони фаъол, аз ҷумла волонтёрони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Клуби волонтёрони назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, гирандагони Стипендияи президентӣ, рўзноманигорони ҷавон ва ҷавонони ташаббускор аз шаҳру ноҳияҳои кишвар то 3 январи соли 2017 идома меёбад.
Хотиррасон менамоем, ки дар лагер баргузории барномаҳои гуногуни илмӣ, маърифатӣ, интерактивӣ, варзишӣ, фарҳангию фароғатӣ, сайёҳат ба мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Хуҷанд ва мулоқот бо роҳбарони сохторҳои гуногуни давлатӣ сурат мегирад.
Лагери мазкур идомаи ташаббусҳои навбатии Кумита дар самти рушди ҳаракати волонтёрӣ буда, он дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Декабрь 29, 2016 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд