Дар ВКД ҶТ рӯзи таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсус таҷлил шуд

Декабрь 6, 2016 10:09

Душанбе, 06.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар қароргоҳи Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи таъсиси ин ниҳоди бонуфузи мақомоти корҳои дохилӣ бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии ВКД, ҷузъу томҳои таъйиноти махсус, собиқадорон ва меҳмонон бо тантана таҷлил карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни табрики кормандони ин ниҳод гуфт: «Кормандони Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар тӯли солҳои сипаригардида вазифаи худро содиқона ва софдилона ба ҷо оварда, дар лаҳзаҳои ҳасосу тақдирсоз аз душвортарин муқовимату санҷишҳо гузашта, ҷиҳати безарар гардонидани дастаҳои мусаллаҳу ҷинояткор ва таъмини амнияти шаҳрвандон саҳми арзанда гузоштанд».
Таъкид шуд, ки гарчанде аз таъсиси воҳидҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ солҳои зиёде нагузаштааст, вале дар тӯли фаъолият собит гардид, ки кормандони он ҳамчун фарзандони содиқи ин сарзамин ҳамеша омодаанд барои ҳифзи ин Ватан ва сарзамини аҷдодӣ ҷони худро нисор созанд.

Декабрь 6, 2016 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад