Дастовардҳои нақлиётчиёни кишвар дар соли 2016: қариб 100 км роҳҳои автомобилгард ба истифода дода шуданд

Декабрь 29, 2016 15:21

ДУШАНБЕ, 29.12.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2016 дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар Тоҷикистон наздик ба 100 км роҳи автомобилгард, 13 пули мошингард, 40,7 км хатти роҳи оҳан, 3,7 км нақби роҳи оҳан ва 5 пули роҳи оҳан ба истифода дода шуданд.
Аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, соли 2016 барои нақлиётчиёни кишвар соли бобарор буд. Дар мамлакат сохтмони як қатор иншооти муҳим, аз ҷумла барқарорсозии роҳи Восеъ Ховалинг бо масофаи 88 км, сохтмони хатти роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа (қитъаи Ваҳдат-Ёвон), ки дарозиаш 40,7 км-ро ташкил медиҳад, инчунин барқароркунии 10,5 км роҳи Рашт Навобод ва пул аз болои дарёи Сорбоғ анҷом ёфт. Ҳамзамон сохтмони қитъаи мушкилгузари роҳи Кӯлоб Қалъаи хумб, қисмати Шӯрообод- Шоҳон ба анҷом хоҳад расид.
Инчунин бо мақсади таъмири роҳҳои маҳаллӣ низ тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Барқарорсозии 30 км чунин роҳҳо дар Восеъ ва Ховалинг ва 60 км дар Айниву Панҷакент аз ҳамин қабил аст. Нақлиётчиёни кишвар дар бахши хидматгузории соҳаи нақлиёти автомобилӣ ҳам ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардиданд. Алҳол дар кишвар 244 коргоҳи нақлиёти автомобилӣ, 64 терминали мусофирбариву боркашонӣ дар 817 хатсайр дар хидмати мардум қарор дошта, сатҳи хизматрасонӣ ҳам торафт беҳтар мегардад.

Декабрь 29, 2016 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд