Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари сол эълон шуд
ДУШАНБЕ, 20.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони олимпӣ Дилшод Назаров дар садри феҳристи даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон ҷой гирифт. Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 20 декабр аз таҳияи ин феҳрист хабар дод.
Дилшод Назаров дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дода, бо медали тилло сарфароз гашт. Гурзандози машҳури тоҷик инчунин имсол чанд бор дар мусобиқоти ҷаҳонӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» ҳам соҳиби ҷоизаҳо гардид.
Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, зимни муаррифии даҳ варзишгари беҳтарини сол гуфт, ки медали Дилшод Назаров дар Олимпиадаи Рио-2016 аввалин медали тиллои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад.
Ба гуфтаи Нарзулло Латифов, даҳ варзишгари беҳтарини солро беш аз 70 журналисти риштаи варзиши нашрияву хабаргузориҳо ва телевизиону радио тавассути пурсиш муайян карданд.
«Дар феҳристи даҳ варзишгари беҳтарини сол паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мақоми дуюм қарор дорад. Ӯ имсол дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар вазни 90 кг дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон бо медали тилло мукофотонида шуд. Зимнан, Комроншоҳ дар байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда, оид ба ин намуди олимпии варзиш чемпиони Осиё гардид. Вай инчунин соли равон соҳиби роҳхат ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шуда буд. Ба ҷуз дзюдо, Комроншоҳ дар риштаи самбо низ имсол дастоварди хуб дорад. Ӯ дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар шаҳри Софияи Булғористон соҳиби медали биринҷӣ гаштааст»,-зикр кард манбаъ.
Муштзани тоҷик Анвар Юнусов, ки соли равон дар мусобиқаи ҷаҳонии литсензионӣ оид ба бокс дар вазни 60 кг дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷойи дуюмро гирифт, ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 мушарраф шуд. Ӯ дар феҳристи АЖРВТ дар мақоми сеюм ҷой гирифтааст.
Ба даҳгонаи варзишгарони беҳтарини сол инчунин инҳо дохил шуданд:
Ҳамроз РАҶАБОВ (самбо) соҳиби ҷойи якум дар Чемпионати қаҳрамонии Осиё дар вазни 74 кг дар шаҳри Ашқободи Туркманистон, ҷойи сеюм дар Чемпионати қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Софияи Булғористон;
Моҳрӯ ҲАЛИМОВА (таэквондо ВТФ) соҳиби ҷойи дуюм дар Чемпионати қаҳрамонии Осиё дар вазни 73 кг ва ҷойи сеюм дар мусобиқаи интихобии қитъавӣ дар шаҳри Манилаи Филиппин;
Шаҳриёр ДАМИНОВ (қаиқронӣ) соҳиби ҷойи дуюм дар каноэи яккаса ба масофаи 1000 метр, ҷойи сеюм дар каноэи яккаса ба масофаи 500 метр ва ҷойи сеюм дар каноэи дукаса ба масофаи 1000 метр дар Ҷоми Осиё дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон;
Зӯҳро ХОЛОВА (кикбоксинг) соҳиби ҷойи якум дар Чемпионати қаҳрамонии Осиё дар вазни 52 кг дар шаҳри Чҳонҷӯи Кореяи Ҷанубӣ;
Фаррух АМОНАТОВ (шоҳмот) соҳиби ҷойи якум дар Ҷоми Авруосиё дар шаҳри Алматии Қазоқистон ва ғолиби ду мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Таганроги Русия ва Тошканди Ӯзбекистон;
Вера СЕМАШКО (кӯҳнавардӣ) — қуллаи баландтарини Тоҷикистон — қуллаи Исмоили Сомониро, ки баландиаш 7495 метр аст, дар байни бонувони кишвар аввалин шуда фатҳ кардааст;
Ҷаҳонгир МАҶИДОВ (дзюдо) соҳиби ҷойҳои якум дар Ҷоми Осиё байни наврасон дар вазни 81 кг дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон, Макаои Чин ва Ҳонконг, ҷойи дуюм дар Бозиҳои VI байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» дар шаҳри Якутски Русия, ҷойи сеюм дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасон дар шаҳри Кӯчии Ҳиндустон.








Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид
Ба дастаи «Сардор» медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супорида шуданд
Мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик Шариф Назаров дар 80-солагӣ аз олам даргузашт
Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад
Нуралӣ Арабзода раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб карда шуд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу ба Бозиҳои Осиёӣ омодагӣ мебинад
НАТИҶАҲОИ СОЛИ 2025: Дастаи Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳонии «ACBJJ-2025» 40 медал ба даст овард
Беҳтарин варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 муайян карда шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2025-ро дар раддабандии ФИФА бо мақоми 101-ум ҷамъбаст кард
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Ғолибони он дар шаҳри Душанбе муайян гардиданд
Манучеҳр Каримзода раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон интихоб шуд






