Довар аввалин маротиба дар таърихи футбол бо кумаки видеодовар зарбаи пеналтӣ таъйин кард
ДУШАНБЕ, 15.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Довар аввалин маротиба бо кумаки видеодовар дар бозии нимниҳоии Ҷоми ҷаҳон байни клубҳо, ки дар Япония идома дорад, зарбаи 11- метраи пеналтӣ таъйин кард. Дар ин бора сомонаи www.sports.ru хабар медиҳад.
«Виктор Кашшай, яке аз доварони маъруфи ҷаҳон, ки сардовари бозии нимниҳоӣ байни дастаҳои «Атлетико Насйонал»-и Колумбия ва «Касима Антлерс»-и Япония буд, барои муайян кардани хато дар майдони назди дарвозаи «Атлетико Насйонал» ба такрори видеонавор рӯй овард ва баъди тамошои ин ҳолат ба дарвозаи колумбиягиҳо зарбаи ҷаримавии 11-метра таъйин кард»,-хабар медиҳад манбаъ.
Соҳибони майдон баъди зарбаи пеналтӣ ба сафи пеш баромаданд ва дар натиҷа бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд.
Ёдрас мешавем, ки ФИФА ва Шӯрои байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол ((IFAB) моҳи марти соли 2016 истифодаи видеодоварро иҷозат доданд ва он давоми ду сол таҷриба мешавад. Дар ниҳоят дар мусобиқоти бузурги байналмилалӣ он роҳи истифодаи худро пайдо мекунад.
Аввалин маротиба ФИФА истифодаи видеодоварро ҳанӯз соли 2014 эълон карда буд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






