Ду даста аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Алмаато сазовори 6 медали биринҷӣ гаштанд
ДУШАНБЕ, 13.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ду даста аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 8-умин Олимпиадаи байналмилалии АвруОсиё аз фанни технологияи иттилоотӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва 6 медали биринҷӣ гаштанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои вазорат, 10 -12 декабри соли равон дар асоси даъватномаи Кумитаи тадорукотии «Олимпиадаи байналмилалии Маркази илмӣ-амалии Дарин» 8-умин Олимпиадаи байналмилалии АвруОсиё аз фанни технологияи иттилоотӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ки дар он 5 даста Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
«Дар олимпиада зиёда аз 285 даста аз 15 давлат иштирок намуданд. Аз аввали соли 2016 инҷониб хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Голландия, Гурҷистон, Руминия, Гонконг, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Федератсияи Россия, Ветнам, Швейтсария, Эрон ва Индонезия баргузор гардиданд, сазовори як Шоҳҷоиза ва 133 медал бо гирифтани 21 ҷойи якум, 33 ҷойи дуюм, 79 ҷойи сеюм ва 33 ҷойи ифтихорӣ гардиданд»,-зикр кард манбаъ.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






