Дар деҳоти Сағирдашт коргоҳи дӯзандагӣ мавриди истифода қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш дар деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз коргоҳи дӯзандагӣ бо номи «Ахтари меҳр» мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз хабар доданд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз, ки 28 сентябри соли 2016 сурат гирифт, ба соҳибкорон супориш доданд, ки то 20 марти соли 2017 дар ин минтақаи дурдаст як коргоҳи дӯзандагӣ бо 50 ҷои корӣ бунёд намоянд.
Бо мақсади амалӣ намудани ин супориш аз 5 октябри соли равон бунёди коргоҳ оғоз гардида, дар давоми на бештар аз як моҳ ба анҷом расид.
«Ба хотири фаъолияти босамари коргоҳ бонувони деҳоти «Сағирдашт» дар Маркази ҳунаромӯзии бонувони ноҳияи Дарвоз — «Меҳри модар» як моҳ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Дар баробари мошинаҳои дӯзандагӣ коргоҳи мазкур бо шаш дастгоҳи адрасбофӣ таъмин шуда, ба хотири таълим додани ин ҳунари қадимӣ ба бонувони маҳаллӣ аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ду нафар даъват шудаанд. Дар айни ҳол 8 нафар бонуи хонанишини деҳоти «Сағирдашт» ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд»,-илова намуд манбаъ.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






