Футбол: дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи мамлакат бар КМВА «Помир» ғалаба кард
ДУШАНБЕ, 30.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи мамлакат оид ба футбол, ки барои ширкат дар бозии байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин тайёрӣ мебинад, дар бозии санҷишӣ бо КМВА «Помир» бо натиҷаи 1:0 ғалаба кард. Ягона тӯбро Далер Ёдгоров дар дақиқаи 41-ум ба нишон расонд.
Ин вохӯрии дуюми санҷишии дастаҳо дар поёни соли равон аст. Бозии пешина бо ҳисоби 1:1 мусовӣ ҷамъбаст шуда буд.
Ба ҳамин тартиб, дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи кишварамон марҳалаи аввали тайёриро ба мусобиқаи байналмилалӣ, ки аз 8 то 21 январ дар шаҳри Санкт Петербург мегузарад, ба анҷом расонд. Идомаи омодагиҳо аз 2 январ шурӯъ мешавад.
Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи Валентин Гранаткин 16 даста аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ширкат меварзанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо Юнон (8 январ), Булғория (10 январ) ва Эстония (12 январ) бозӣ мекунад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд
Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 510 медал ба даст оварданд
Паралимпичиёни тоҷик бо 22 медал дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг байни 25 давлат дар зинаи дуюм қарор гирифтанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолияти пурсамар намуданд
ФУТБОЛ. 5 феврал қуръакашии тақвими чемпионати Тоҷикистон-2026 баргузор мешавад
Варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг 22 медал ба даст оварданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол бо ҳамтоёнаш аз Ҳиндустон бозии дӯстона анҷом дод






