Хадамоти муҳоҷират: 2479 нафар дар дохили кишвар бо кори доимӣ таъмин гардиданд

Декабрь 14, 2016 10:27

ДУШАНБЕ, 14.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 2479 нафар шаҳрвандони кишварро, ки воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Русия муваққатан манъ аст, дар дохили кишвар бо кори доимӣ таъмин намуданд. Дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
«То 4 октябри соли 2016 дар рӯйхати манъшудагон 304 ҳазору 083 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд. Рӯйхати мазкур сари вақт ба тамоми зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират дастрас карда шуд. Барои муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит муҳаё карда шудааст, ки дар маҳали зисти худ- пеш аз сафар ба Федератсияи Россия ном ва насаби худро ба тариқи ройгон санҷанд»,-зикр кард манбаъ.
«Ҳангоми санҷиши шиносномаи шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Россия 34 ҳазору 285 нафар, ки дар рӯйхати манъшудагон дар маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират мавҷуд буданд, аз сафари бебарор баргардонида шуданд»,-илова кард манбаъ.

Декабрь 14, 2016 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад