Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои барфу боронист
ДУШАНБЕ, 08.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки шурӯъ аз имрӯз-8 декабр то 10 декабри соли 2016 ҳавои номусоид, аз ҷумла борони гузаранда ба барфи тар, дар ноҳияҳои ҷудогона вазиши шамоли сахт- дар як сония то 17-22 метр ба амал меояд. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар кишвар 6 °С-ро ташкил хоҳад дод.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ҳолатҳо бориш шиддат мегирад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 12 то 14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят аз 1 то 6 дараҷа ва дар шарқи ин вилоят аз 1 то 6 дараҷа хунукӣ мешавад.
Дар вилояти Xатлон ҳавои абрнок ва рӯзона боридани борон пешгӯӣ мегардад. Дар баъзе ҳолатҳо бориш шиддат мегирад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо бориш шиддат мегирад. Дар баландиҳои 1500 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 5 то 10 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво аз 2 то 7 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар баландиҳои 1500 метр боридани барф пешгӯӣ гардидааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 10 то 15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво аз 2 то 7 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар робита ба вазъи номусоиди ҳаво дирӯз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор дод, ки бар асари шамол ва часпидани барфи тар дар симҳо эҳтимоли зарар дидани хатҳои интиқоли барқ, шикастани дарахтон, ҳамчунин зарар дидани овезаҳои рекломҳо, ки суст часпонида шудаанд, вуҷуд дорад.
Кумита ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо рафтуомади безарурати худро аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд кунанд, аз роҳандозии корҳои саҳроӣ, омодасозии ҳезум ва шикор дар маҳалҳои кӯҳӣ як муддат худдорӣ варзанд.








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






