«Истиқлол»-и Душанбе ба тамринҳои мавсими нав оғоз кард
ДУШАНБЕ, 19.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе истироҳати худро баъди мавсими соли 2016 ба анҷом расонида, ба тамринҳои худ оғоз кард. Дар ин бора сухангӯи КФ «Истиқлол» Рустам Ҳакимов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
«Истиқлол» ба машқҳои мавсими соли 2017 таҳти роҳбарии мураббии нави худ Мӯҳсин Муҳаммадиев дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ аз рӯзи шанбе шурӯъ кард. Дар ҳайати даста то ҳол тағйирот ба вуҷуд наомадааст. Никола Стошич ва Девид Маутор, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро қабул кардаанд ва шиносномаи тоҷикӣ доранд, дар ҳайати даста ҳузур доранд. Петро Ковалчук, аз легионерҳои «Истиқлол», новобаста ба он ки шартномааш бо даста ба анҷом расидааст, ба машқҳо ҷалб карда шудааст. Масъалаи шартномаи навбатии ӯ бо «Истиқлол» рӯзҳои наздик мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт», -хабар дод манбаъ.
«Истиқлол» дар як рӯз ду маротиба машқ мекунад ва тайёрии асосиаш ба мавсими соли 2017 ва иштирок дар бозиҳои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар гурӯҳи «D»-и минтақаи марказӣ ба ҳисоб меравад.
Чемпион аввалин бозии худро дар доираи бозиҳои гурӯҳии ҷоми КФО 14 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бо ғолиби бозиҳои плей-офф мегузаронад.








Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд






