Кадом дастаи Осиё рақиби «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии аввали Ҷоми КФО мешавад?
ДУШАНБЕ, 9.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кадом дастаи Осиё -«Дурдой»-и Қирғизистон, «Балкан»-и Туркманистон, «Ҳосилот»-и Фархор» ва ё «Шоҳин Асмоӣ»-и Афғонистон нахустин рақиби «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии аввал мегардад? Ба ин савол мо дар нахустин рӯзи моҳи март ҷавоб хоҳем гирифт.
То оғози аввалин бозии расмии чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё беш аз 2,5 моҳ боқӣ монда бошад ҳам, коршиносони футболи Осиё тақвими баргузории бозиҳои гурӯҳии минтақаи Осиёи марказиро муайян карданд. Тибқи ин коргузорӣ бозии нахустини чемпиони кишвар дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ моҳи март баргузор мешавад, аммо рақиби нахустини онҳо баъди анҷом ёфтани ду раунди бозиҳои плей-офф бо ширкати дастаҳои «Дурдой»-и Қирғизистон бо «Балкан»-и Туркманистон ва «Ҳосилот»-и Фархор» бо «Шоҳин Асмоӣ»-и Афғонистон, ки ғолибони ҷуфтҳо барои ба марҳалаи гурӯҳӣ шомил шудан бо ҳам мубориза мебаранд, муайян хоҳад шуд.
Коршиносони футболи ватанӣ бар онанд, ки «Ҳосилот»-и Фархор дар баробари дастаҳои мазкур барои ба бозиҳои гурӯҳӣ шомил шудан шонси беҳтар дорад ва шояд аввалин бозиашро «Истиқлол» бо дастаи «Ҳосилот» барпо намояд.
Ин дар ҳолест, ки «Истиқлол» ва «Ҳосилот» 25 феврал барои Суперҷоми Тоҷикистон, ки оғозбахши мавсими футбол дар мамлакат мебошад, бо ҳам қувва меозмоянд.
Ба ҳамин тартиб, тақвими бозиҳо дар гурӯҳи «D»-и минтақаи марказӣ ба шакли зер роҳандозӣ шудааст:
Даври 1
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби плей-офф
«Алай» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
Даври 2
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
Ғолиби плей-офф – «Алай» (Қирғизистон)
Даври 3
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Алай» (Қирғизистон)
Ғолиби плей-офф – «Алтин Асир» (Туркманистон)
Даври 4
«Алай» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Алтин Асир» (Туркманистон) – Ғолиби плей-офф
Даври 5
Ғолиби плей-офф – «Истиқлол» (Тоҷикистон)
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Алай» (Қирғизистон)
Даври 6
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
«Алай» (Қирғизистон) – Ғолиби плей-офф








Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид






