Калонтарин ширкати сохтмонии Русия «Урбан групп» 500 нафар сохтмончиёни тоҷикро ба кор даъват кардааст
ДУШАНБЕ, 27.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират дар соли 2016 — 12 ҳазору 487 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Ҳафтаи гузашта кормандони Намояндагӣ бо намояндагони калонтарин Ширкати сохтмонии Русия «Урбан групп», ки дар шаҳр ва вилояти Москва ба сохтмони манзилҳои истиқоматӣ машғул аст, мулоқот намуданд. Дар айни ҳол аз ҷониби ширкати мазкур ба унвони Намояндагӣ оид ба қабули 500 нафар сохтмончиён ба кор дархост ирсол гардидааст. Муҳоҷирони меҳнатӣ шурӯъ аз моҳи феврали соли 2017 ба кор сафарбар мегарданд.
Ҳамчунин шикати мазкур мақсад дорад, ки давра ба давра дар соли 2017 шумораи сохтмончиёнро аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик зиёд намояд.
Дар ин бора Иброҳим Аҳмадов, сардори Хадамоти матбуоти Намояндагии мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар соли сипаришуда кормандони Намояндагӣ бо мақсади омӯзиши бозори меҳнати Федератсияи Русия ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон бо роҳбарони 158 субъекти ҳоҷагидор дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар мулоқотҳои судманд анҷом доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






