Кишоварзони Хатлон технологияи бунёд, башаклдарорӣ ва барқароркунии боғу токзорро меомӯзанд
ҚӮРҒОНТЕППА, 26.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон дар мавзӯи «Технологияи бунёд, башаклдарорӣ, барқароркунии боғу токзор, рушди соҳаи ситруспарварӣ ва кишти картошкаи барвақтӣ» машварат баргузор гардид. Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, иштирокдорони машварат бо технологияи кишти картошка, яхобмонӣ ва обшӯии заминҳо дар ҶДММ «Мумин-Коттон» ва тарзи парвариши сабзавоти барвақтӣ дар гармхонаҳои хоҷагии деҳконии «Бобои Эргаш» шинос гаштанд.
Ҳамзамон иштирокчиёни машварат бо истифодаи усулҳои шинонидани ниҳолҳо, кишти картошка ва гармхонаҳои лимӯпарварии кооперативи тиҷоратии «Сомон» шинос шуданд.
Машварати мазкур барои хуб ба роҳ мондани боғу токпарварӣ ва даст овардани ҳосили хуби картошкаву лимӯ мусоидат мекунад.








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






