Кишоварзони Хатлон технологияи бунёд, башаклдарорӣ ва барқароркунии боғу токзорро меомӯзанд

Декабрь 26, 2016 11:09

hatlonҚӮРҒОНТЕППА, 26.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон дар мавзӯи «Технологияи бунёд, башаклдарорӣ, барқароркунии боғу токзор, рушди соҳаи ситруспарварӣ ва кишти картошкаи барвақтӣ» машварат баргузор гардид. Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, иштирокдорони машварат бо технологияи кишти картошка, яхобмонӣ ва обшӯии заминҳо дар ҶДММ «Мумин-Коттон» ва тарзи парвариши сабзавоти барвақтӣ дар гармхонаҳои хоҷагии деҳконии «Бобои Эргаш» шинос гаштанд.
Ҳамзамон иштирокчиёни машварат бо истифодаи усулҳои шинонидани ниҳолҳо, кишти картошка ва гармхонаҳои лимӯпарварии кооперативи тиҷоратии «Сомон» шинос шуданд.
Машварати мазкур барои хуб ба роҳ мондани боғу токпарварӣ ва даст овардани ҳосили хуби картошкаву лимӯ мусоидат мекунад.

Декабрь 26, 2016 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд