Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таъкид мекунад: «Аз 8 то 10 декабри соли 2016 ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад»

Декабрь 7, 2016 10:26

ДУШАНБЕ, 07.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 8 то 10 декабри соли 2016 ҳавои номусоид, аз ҷумла, борони гузаранда ба барфи тар, дар ноҳияҳои ҷудогона вазиши шамоли сахт- дар як сония то 17-22 метр пешбинӣ мешавад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар кишвар 6 °С-ро ташкил хоҳад дод.
Ғайр аз ин часпидани барфи тар дар симу дарахтон ва дар роҳҳои кӯҳӣ ғуншавии барф ва яхбандии шадид бар асари сармо пешбинӣ мешавад.
Кумита ҳушдор медиҳад, ки бар асари шамол ва часпидани барфи тар дар симҳо эҳтимоли зарар дидани хатҳои интиқоли барқ, шикастани дарахтон, ҳамчунин зарар дидани овезаҳои рекломҳо, ки суст часпонида шудаанд, вуҷуд дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо рафтуомади безарурати худро аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд кунанд, аз роҳандозии корҳои саҳроӣ, омодасозии ҳезум ва шикор дар маҳалҳои кӯҳӣ як муддат худдорӣ варзанд.

Декабрь 7, 2016 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид