Кумитаи забон ва истилоҳот: «Қисми зиёди марказҳои хизматрасонӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии ҶТ» ҷавобгӯ нестанд»
ДУШАНБЕ, 15.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи Кумита барои соли 2016 доир гардид.
Ҳисоботи ҷамъбастӣ аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Саодатшо Матробиён шунида шуд. Дар ҳисобот зикр гардид, ки зимни санҷишҳо дар ноҳияҳои пойтахт ошкор гардид, ки қисми зиёди марказҳои хизматрасонӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии ҶТ» ҷавобгӯ набуда, барои бартараф кардани камбудиҳо 32 санади огоҳӣ ва 15 огоҳии шифоҳӣ тартиб дода шуд.
Аз ҷониби мақомоти судӣ дар ин давра барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо моддаи 89 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда шуда, ба андозаи 23 260 сомонӣ ҷарима таъйин гардид. Аз ин маблағҳо 18740 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин гузориши сардори шуъбаи танзими истилоҳот Р. Зулфониён оид ба вазъи таҳияи китобҳои дарсии «Забони давлатӣ» барои синфҳои 3, 7 ва 9 барои мактабҳои таълимашон ба забони русӣ, ки аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумита барои ташхиси забоншиносӣ ва мувофиқа намудан пешниҳод гардидаанд, шунида шуд.
Нақшаи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи аввали соли 2017 аз ҷониби сардори шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумита Ш. Мансурӣ ба иштирокдорон шинос карда шуд, ки он аз ҷониби ҳайати мушовара баррасӣ гардид. Ҳамзамон қарор оид ба нақшаи фаъолияти Кумита барои нимсолаи якуми соли 2017 қабул гардид.
Аз ҷониби ҳайати мушовара ҳисоботи солонаи фаъолияти Кумита барои соли 2016 қаноатбахш ҳисобида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






