Мақомсароёни тоҷик дар Фестивали байналхалқии Шашмақом дар Исроил ширкат варзиданд
ДУШАНБЕ, 21.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, роҳбари Академияи мақоми Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Озода Ашӯрова дар Фестивали байналхалқии Шашмақом дар Исроил ширкат варзиданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
«Фестивал ба ифтихори 110-солагии мақомшиноси шинохта Борух Зиркиев бо ташаббус ва дастгирии ходимони ҷамъиятӣ, тоҷирон ва созмонҳои «Суғдиёна», «Афкори омма», «Мероси яҳудиёни Бухоро» ва «Ходимони фарҳанг» баргузор гардид»,-хабар дод манбаъ.
Дар доираи чорабинӣ барномаи консертӣ бо иштироки устодони Шашмақом аз кишварҳои гуногун дар шаҳри Тел-Авив ва ҳамчунин конфронси илмӣ оид ба Шашмақом дар шаҳри Байт-ул-муқаддас доир гардид.
«Дар фарҷоми ҷашнвора маҷмӯи мақолаҳо оид ба Шашмақом таҳти унвони «Шашмақом ва яҳудиёни Бухоро» ва фитта бо сабти беҳтарин сарояндагони Шашмақом нашр гардидааст», — иттилоъ доданд аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст






