Мактабҳои ВМКБ ба низоми нави таълими салоҳиятнок омода мешаванд
ХОРУҒ, 15.12.2016 /АМИТ Ховар/. Дар толори муассисаи давлатии Мактаби президентии шаҳри Хоруғ машварати директорони таълимгоҳҳои ВМКБ оид ба роҳҳои густариши низоми нави таълими салоҳиятнок баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз вилоят хабар дод.
Амалӣ намудани низомномаро Филиали ҷумҳуриявии Донишкадаи такмили маълумоти касбӣ ва бозомӯзии омӯзгорони вилоят бар дӯш дорад. Мудири кафедраи Донишкадаи мазкур Ғуломносир Қурбонов зимни ифтитоҳи машварат гуфт, ки «қабл аз татбиқи ин низомнома дар марҳилаи аввал 41 муассисаи таълимиро дар маркази ноҳияҳо ва ҷамоатҳо интихоб намудем. Барои омӯзгорони ин таълимгоҳҳо 79 семинару омӯзишҳо баргузор карда шуд, ки дар он наздики ду ҳазор омӯзгорон ширкат намуданд. Мутобиқи шароит бо дастгирии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ синфхонаҳо бо асбобҳои аёнӣ ва таҷҳизоти техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд».
«Яке аз ҳадафҳои асосии низомномаи нави таълими салоҳиятнок ба ҳаёт наздик намудани таълим мебошад. Агар фанҳои дақиқ бо истифода аз асбобҳои аёнӣ гузаранд, ҳам дарс шавоқовару ҷолиб ҷараён мегирад ва хонандагон мавзӯъро ҳамаҷониба аз худ мекунанд. Бинобар ин мувофиқи як қарордод байни Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Хадамоти маорифи Бунёди Оғохон то соли 2020 даҳ синфхонаи методиро бо таҷҳизоти техникӣ таъмин мекунанд. Барои таъмини як синфхона бештар аз 70 ҳазор сомонӣ сарф мешавад»,-зикр кард манбаъ.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






