Масъалаи дастгирии низоми бонкии кишвар бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 14.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дастгирии низоми бонкии кишвар ва сайёҳӣ аз масъалаҳои калидие буданд, ки зимни мулоқоти муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод бо Директори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба стратегияи кишварӣ ва сиёсат Артур Радзивилл мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Тарафҳо зимни мулоқот инчунин азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БАТР баён доштанд»,-зикр кард манбаъ.
Вохӯрӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






