«Мавқеи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар густариши ҳуқуқу озодиҳои инсон» дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 10.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Мавқеи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар густариши ҳуқуқу озодиҳои инсон»- таҳти чунин унвон 10-уми декабри соли 2016 дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи омӯзгорону аспирантон, олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дигари давлатӣ, намояндагони васоити ахбори омма ва матбуоти даврӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Конференсияи мазкур бо мақсади таҳлили рӯзи ҳуқуқи инсон, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар кишвари мо ҷашн гирифта мешавад, ташкил карда шуд. Зимни он иштирокчиён иброз намуданд, ки баргузории конференсияи мазкур ба якчанд санаҳои фархунда, аз ҷумла рӯзи ҳуқуқи инсон, 68-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, 50-солагии Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рост меояд. Аз ин рӯ, он метавонад, ки барои боз ҳам таҳким бахшидани ҳуқуқи инсон дар кишвар саҳми худро гузорад. Дар конфронс мавзӯъҳои мубрам ва рӯзмарраи ҳаёти ҳуқуқии кишвар шунида шуданд. Баромадкунандагон мазмуну моҳияти маърӯзаҳои хешро шарҳ дода, таҳқиқу омӯзиши минбаъдаи онро асоснок намуданд. Аз ҷумла, дар робита ба масъалаҳои баррасишуда иштирокчиён таклифу андешаҳои судманд пешниҳод намуданд. Дар маҷмӯъ таъкид карда шуд, ки тоҷикон аз даврони қадим ба ҳуқуқу озодиҳои инсон арҷ мегузоштанд, ки далели он соли 539 то мелод қабул гардидани Эъломияи Куруши Кабир мебошад. Дар даврони Истиқлолият низ ин анъанаи ниёгон идома дода шуда, дар сатҳи конститутсиони инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон карда шуд. Баргузор гардидани конференсияи мазкур қадами муҳиме дар самти таҳкими ҳуқуқи инсон ба шумор рафта ҳадафи он дар ҳар як фард ташаккул додани фарҳанги ҳуқуқи инсон мебошад. Аз ин рӯ, иштирокчиёни конференсия боло бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва дар онҳо шакл гирифтани фарҳанги ҳуқуқи инсонро вазифаи аввалиндараҷаи олимони ҳуқуқшинос арзёбӣ намуданд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






