Минбаъд барои қочоқи молу маҳсулот ҷазои ҷиноятӣ дар намуди маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлатҳои дароз татбиқ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 14.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи буҳрони шадиди молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ кам шудани ҳаҷми содироти молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуда, нақшаи пешбинишудаи пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет пурра ба иҷро расонида нашудааст. Яке аз сабабҳои иҷро нашудани пардохтҳои гумрукӣ бениҳоят зиёд будани қочоқи молу маҳсулот мебошад. Ин нуктаро муовини якуми Прокурори генералии мамлакат Ҳотам Назарзода зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба вакилони мардумӣ изҳор кард. Номбурда таъкид намуд, ки «барои пешгирии қочоқи молу маҳсулот бояд тадбирҳои қонунӣ роҳандозӣ карда шаванд».
Ҳотам Назарзода зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ даъвати панҷум чунин рақамҳоро пешниҳод кард: «Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ моҳи апрели соли равон Гурӯҳи кории муштарак вобаста ба назорати иҷрои қонунгузории гумрук созмон дода, ба вилояти Суғд сафарбар намуд. Дар натиҷаи фаъолияти ин гурӯҳ танҳо дар давоми 20 рӯз 102 ҳолати қочоқи молу маҳсулоти ниёзи мардум ба маблағи зиёда аз 1 млн 920 ҳазор сомонӣ ошкор карда шуда, нисбат ба 71 нафар шахсон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба судҳо ирсол шудаанд».
Дар идомаи муҳокима зикр гардид, ки тибқи талаботи моддаи 289 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ барои қочоқ, яъне аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани мол ё дигар маҳсулот дар сурати зиёда аз 5 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 200 ҳазор сомонӣ зиёд будани арзиши молу маҳсулот имконпазир мебошад.
Санҷишҳои прокурории гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки арзиши молу маҳсулоти қисми зиёди шахсони барои қочоқ дастгиршуда то 200 ҳазор сомониро ташкил намуда, бар замми ин аксарияти чунин ашхос пештар чандин маротиба барои қочоқ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Кодекси ҷиноятии ҶТ барои такроран содир намудани чунин қонунвайронкунӣ баъди ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ накардааст. «Бинобар ҳамин мақсад аз таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», пеш аз ҳама, пешгирии қочоқи молу маҳсулот тавассути сарҳади давлатӣ, таҳкими рақобати солим дар бозори дохилӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли ватанӣ, мувофиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ бо кирдорҳои шахсони бо қочоқи молу маҳсулот машғулбуда, инчунин зиёд намудани воридоти маблағҳо ба буҷет мебошад», — изҳор кард Ҳ.Назарзода.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баъд аз шунидани мулоҳизаҳо ва саволу ҷавоб лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дастгирӣ карда, вобаста ба он қарори дахлдор қабул карданд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров аз вакилони Парлумон дархост кард, ки ҳангоми мулоқот бо интихобкунандагон дар бораи қабул шудани тағйироти мазкур ба моддаи Кодекси ҷиноятӣ суҳбатҳо баргузор кунанд ва шаҳрвандонро огоҳ кунанд, ки минбаъд барои қочоқи молу маҳсулот ҷазои ҷиноятӣ дар намуди маҳрум шудан аз озодӣ ба муҳлатҳои дароз татбиқ карда мешавад.








Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид






