«Мо, ҷавонон аз ташаббуси Пешвои миллат ифтихор дорем!»- ҳамоиши ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд

Декабрь 27, 2016 12:15

ДУШАНБЕ, 27.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 эълон гардид ва ин ташаббуси наҷиб аз ҷониби 193 кишвари олам дастгирӣ ёфт.
Бахшида ба ин воқеаи муҳими таърихӣ ва эълон гаштани Соли 2017 чун соли ҷавонон дирӯз дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» бо иштироки бештар аз 2 ҳазор нафар ҷавонону наврасони маркази вилоят таҳти унвони «Мо, ҷавонон аз ташаббуси Пешвои миллат ифтихор дорем!» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
«Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Соли ҷавонон эълон гаштани соли 2017, ҳамчунин пазируфта шудани ташаббус оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид байни ҷавонони шаҳр ҳамовозии ҳамаҷонибаро пайдо намуд»,-иброз дошт Бахтиёр Исматҷонов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд.
Дар ҳамоиш ҷавонон баён дошанд, ки имрӯз ва минбаъд низ барои амалӣ гаштани тамоми дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон саъю кӯшиш намуда, дар рушду тараққиёти самтҳои мухталифи хоҷагии халқ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Декабрь 27, 2016 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа