Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбари Ширкати “Ходайз групп Индастрис” Сиривас Ходай
ДУШАНБЕ, 17.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Ню Деҳлӣ дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ширкати “Ходайз групп Индастрис” Сиривас Ходай мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои мақсадноки сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика, бахусус рафти иҷрои лоиҳаи сармоягузории сохтмони Нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Оби Хингоб — “Нуробод — 1”, “Нуробод — 2” ва “Фондарё” мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Тазаккур бояд дод, ки иқтидори нерӯгоҳи барқи обии “Нуробод — 1” — 400 МВт, “Нуробод — 2” — 520 МВт ва “Фондарё” — 135 МВт — ро ташкил медиҳад.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки сохторҳои марбутаи Тоҷикистон якҷоя бо мутахассисони ширкати “Ходайз групп Индастрис” лоиҳаҳои бунёди нерӯгоҳҳоро пурра омӯхта, аз натиҷааш ба ҳукумати кишвар хулосаҳои худро пешниҳод намоянд.








Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






