Мулоқоти Пешвои миллат бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ

Декабрь 17, 2016 13:51

ДУШАНБЕ, 17.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндустон нахуст дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ оғоз шуда, сипас дар вохӯрии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввал ба ҷониби Ҳиндустон барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ва меҳмоннавозии самимиву ҳусни пазироии олӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, таъкид бар он доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои хуби музокироту муколамаи имрӯза дар чаҳорчӯбаи ин сафар умедвориҳои зиёд дорад.

Аз рушду тавсеаи беш аз пеши шарикии Тоҷикистону Ҳиндустон дар арсаҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ намуда, барои идомаи бобарор ва густариши муносибатҳои гуногунҷанба, ки соли оянда аз оғози робитаҳои дипломатӣ 25 сол сипарӣ мешавад ва пояҳои ҳуқуқию қарордодии ҳамкориҳои байнидавлатиро зиёда аз 60 санади байниҳукуматию байниидоравӣ ташкил медиҳанд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт, телекоммуникатсия, технолигияҳои иттилоотӣ, дорусозӣ, фарҳангу маориф ва туризм, инчунин ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ аз самтҳои афзалиятнок ва ояндадори муштаракоти байнидавлатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон арзёбӣ гардиданд.

Таъкид гардид, ки ҳамкориҳо дар соҳаҳои мазкур метавонанд тавассути иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги сармоягузорӣ, сохтмон ва таҷдиди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, роҳҳо ва иншооти зерсохтории Тоҷикистон амалӣ шуда, бо ин восита ҷалби сармояи Ҳиндустон ба лоиҳаҳои хурду бузурги Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, фарматсевтика, телекоммуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ ва туризм низ имконпазир гардонида шаванд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар оянда нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ дар беҳбудбахшии равобити дуҷонибаи байнидавлатӣ фаъол гардонида мешавад.

Дар музокирот манфиатдории ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин барои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг тавассути ташкили бештари барномаҳои муосири омӯзиши компютер ва технологияҳои иттилоотӣ, инчунин омода намудани кадрҳои дорои тахассуси баланд таъкид гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи судбахши ҳамкориҳо ҳамчунин иштироки фаъоли ҷониби Ҳиндустонро дар татбиқи лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди дигар иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ва инфрасохтори роҳу нақлиёти аҳамияти минтақавидошта муҳим шумориданд.

Дар идомаи музокироти сатҳи баланд ҳамчунин масоили ҳамкориҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Ҳиндустон дар доираи СММ ва Созмони ҳамкории Шанхай, дарёфти роҳу усулҳои нави ҳалли мушкилоти мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз қабили терроризму экстремизми байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин мусоидат ба таъмини амнияту субот ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Ҳиндустон Баёнияи муштарак оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон қабул гардида, дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ маҷмуи санадҳои нави ҳамкории зерин ба имзо расонида шуданд:

Протокол оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз пардохти андоз аз даромад;

Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молявии дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҳиндустон оид ба ҳамкории дар соҳаи мубодилаи иттилоотии мақомоти кашшофии молиявӣ вобаста ба қонунигардонии “расмикунонии” даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм;

Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прасар Бҳарат — Хадамоти ҷамъиятии радио ва телевизиони Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи радио ва телевизион ва табодули барномаҳои аудиовизуалӣ.

Баъди анҷоми расмиёти имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма бо изҳороти матбуотӣ баромад карда, натиҷаҳои музокироту мулоқотҳои дуҷониба ва имзои санадҳои нави ҳамкориро дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи ду давлат руйдоди пурарзишу таърихӣ маънидод намуданд.

31659440556_3fcc8d11d0_z

Декабрь 17, 2016 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев