Мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ дар охири рӯз бориши борони кӯтоҳмуддатро пешгӯӣ мекунанд

Декабрь 3, 2016 10:49

Душанбе, 03.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, дар охири рӯз бориши борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб аз 2 то 7 метр мевазад. Ҳаво аз 18 то 20 дараҷа гарм мешавад.
Тибқи иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар вилояти Бадахшон ҳаво абрнок шуда, боридани борону барф пешгӯӣ гардидааст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Xатлон ҳаво абрнок шуда, дар охири рӯз бориши борон дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 17 то 22 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо 14 — 19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар охири рӯз борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония ва шиддатнокӣ дар баъзе ноҳияҳо аз 15 то 20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 7 то 12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 6 то 11 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар охири рӯз борон меборад. Ҳаво дар водиҳо аз 15 то 20 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 3, 2016 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид