Музди маоши муҳоҷирони меҳнатӣ ба маблағи 40 миллиону 700 рубл пардохт гардид
ДУШАНБЕ, 29.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират маоши Хуршеда Отамбекова, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра пардохт гардид. Номбурда тӯли як моҳ дар яке аз ширкатҳои поксозии шаҳри Москва кор кардааст, аммо бо сабабҳои номаълум ширкати мазкур зиёда аз 6 моҳ маоши ӯро пардохт накардааст. Баъди муроҷиати Хуршеда Отамбекова ба Намояндагӣ кормандони мақомоти мазкур расман ба роҳбарияти ин ширкат оид ба вайрон намудани талаботи Кодекси меҳнати ФР муроҷиат намуданд. Дар натиҷа ин мушкили муҳоҷири меҳнатӣ осон гардид.
Дар ин бора Иброҳим Аҳмадов, сардори Хадамоти матбуоти Намояндагии мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар соли 2016 ба Намояндагӣ зиёда аз 450 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ аз минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия ба таври инфродӣ ва дастаҷамъона оид ба сари вақт пардохт нагардидани музди маошашон аз ҷониби корфармоён муроҷиат намуданд. Баъди муроҷиати онҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират дар соли сипаришуда музди маоши пардохтнагаштаи онҳо ба маблағи 40 миллиону 700 рубл пардохт гардид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






