Нахустин машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Франсия дар Париж баргузор гардиданд
ДУШАНЕБЕ, 09.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Нахустин машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Ҷумҳурии Франсия 8 декабр дар Париж баргузор гардиданд. Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Франсия хабар доданд.
«Дар машваратҳо ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла сиёсат, иқтисоду тиҷорат, обу энергетика, саноат, тандурустӣ, маориф ва сайёҳӣ табодули афкор намуда, дар мавзӯи мубориза бо таҳдидҳои замони муосир гуфтугӯйи судманд анҷом доданд», — гуфта мешавад дар иттилоияи Сафорат.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни машваратҳои сиёсӣ ҳамчунин мушорикати Тоҷикистону Франсия дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ, хусусан СММ баланд арзёбӣ гардидааст.
Тавре дар иттилоия омадааст, ҳарду ҷониб ҳавасмандии амиқро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок баён намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва ҳайати Франсияро Директори Департаменти Аврупои континенталӣ хонум Флоранс Манжан роҳбарӣ намуданд. Дар машваратҳо ҳамчунин Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия Ҳомидҷон Назаров ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар иштирок доштанд.








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






