Натиҷагирӣ аз фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 15.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Самтҳои асосии фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи ин ниҳод, ки дар Душанбе доир шуд, натиҷагирӣ гардид. Дар ин бора аз Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дилмурод Давлатзода-раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 гузориш дода, нақши ин мақоми олии назоратиро дар бахши назорати молиявӣ, хусусан дар қисмати даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ муҳим маънидод намуд.
«Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоби кишвар ҳамзамон сараудиторон, сардорони Раёсату шуъбаҳои ин мақоми олии назоратии кишвар доир ба самтҳои фаъолияти худ дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд»,-иттилоъ дод манбаъ.
Дар фарҷоми ҷаласа Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ кормандони Палатаи ҳисобро, ки дар соли 2016 натиҷаҳои хуби корӣ нишон додаанд, бо Ифтихорномаҳо сарфароз гардонид.
Бояд тазаккур дод, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии назоратӣ буда, тобистони соли 2011 таъсис дода шудааст. Он танҳо ба Президенти кишвар ва Парлумон тобеъият мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






