Олимони муассисаҳои АИ ҶТ 143 китобу монография нашр намуданд

Декабрь 16, 2016 16:28

Академияи ИЛМХОДУШАНБЕ, 16.12.2015. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2016 олимони муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 143 китобу монография, 1 733 мақолаи илмӣ дар дохили кишвар, 318 мақолаи илмӣ дар хориҷи кишвар ва 300 вокуниш ба ВАО ба нашр расониданд. Дар ин бора имрӯз президенти Академияи илмҳои кишвар Фарҳод Раҳимӣ зимни маҷлиси умумии солона изҳори андеша кард. Академик Фарҳод Раҳимӣ дар маҷлис ҳамчунин оид ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 ҳисобот дод.
«Муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 — 64 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 4 симпозиуми байналмилалӣ, 1 форуми байналмилалӣ, 8 конфронси илмии байналмилалӣ, 30 конфронси илмӣ амалии ҷумҳуриявӣ, 4 сессияи илмӣ, 10 семинари илмӣ ва 5 суҳбат доир намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 адад зиёд аст. Олимон ва мутахассисони Академияи илмҳо дар беш аз 300 конфронс, симпозиум ва машваратҳои илмӣ иштирок ва бо гузоришҳои илмӣ маърӯза намуданд»,-гуфт Ф. Раҳимӣ.
Дар соли 2016 олимони Академияи илмҳо таҳқиқотро аз рўйи 96 мавзўъ, аз ҷумла 64 мавзўи илмӣ- таҳқиқотии бунёдӣ ва 32 мавзўи амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Дар охир ба 10 олими ҷавон диплом ва ба 25 корманди Академияи илмҳо Ифтихорномаи АИ ҶТ супорида шуд.

Декабрь 16, 2016 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад