Ҷоми ҷаҳон байни клубҳо: «Касима Антлерс»-и Япония дар финал
ДУШАНБЕ, 15.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар рақобатҳои Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол байни клубҳо, ки дар Япония идома дорад, чемпиони соли 2016-и ин кишвар клуби футболи «Касима Антлерс» ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифт. Дар ин бора сомонаи www.the-afc.com хабар медиҳад.
«Бори аввал дар таърихи гузаронидани Ҷоми ҷаҳон байни клубҳо дастаи осиёӣ ба бозии финалӣ роҳхат гирифт», -хабар медиҳад манбаъ.
КФ «Касима Антлерс»-и Япония имсол то бозии ниҳоӣ бар дастаҳои футболи «Окленд Сити» (Зеландияи нав, 1/8-ниҳоӣ) 2:1, «Мамелоди Сандаунз» (Африқои Ҷанубӣ, ¼ -ниҳоӣ) 2:0 ва «Атлетико Насйонал» (Колумбия, ½-ниҳоӣ) ғолиб омад. Вай акнун ғолиби бозии ҷуфти дуюми нимниҳоӣ «Реал»-и Мадрид ва «Америка»-ро, ки имрӯз сурат мегирад, интизор аст.
Ёдрас мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон байни клубҳо ( FIFA Club World Championship) аз ҷониби ФИФА соли 2000 таъсис ёфт. Баъдан дар соли 2005 номи он ба Ҷоми ҷаҳон байни клубҳо (FIFA Club World Cup) тағйир дода шуд ва он имсол маротибаи 13-ум гузаронида мешавад. Дар он дастаҳои чемпиони 6 қитъа ва дастаи соҳиби майдон иштирок мекунанд.
«Барселона»-и Испания се маротиба (солҳои 2009, 2011 ва 2015) ин унвонро ба даст овардааст.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






