Паёми Пешвои миллат вазифаҳои стратегии ташаккули низоми идоракунии маҳалро муайян намуд. (Бардошт аз Паём дар Кумитаи рушди маҳал)
ДУШАНБЕ, 29.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Оид ба татбиқи супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 22 декабр дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ин бора аз Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Раиси Кумита Қосим Роҳбар оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.
Дар ҷаласа таҳкими сохтори идораи давлатӣ бо муайян намудани самтҳои асосӣ ва вазифаҳои стратегии ташаккули низоми идоракунии маҳал, заминаи сиёсию ташкилӣ ва ҳуқуқии идоракунии рушди маҳал, ки иҷрои он дар асоси нақшаи чорабиниҳои «Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Қосим Роҳбар супориш дод, ки фаъолият бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату шаҳракҳо доир ба рафъи камбудиву мушкилоти дар самтҳои соҳаҳои маориф, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологиҳои нав ҷойдошта ҳамоҳанг гардида, оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, касбомӯзӣ ва фаъолияти марказҳои таълими калонсолон тадбирҳои муассир андешида шаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






