Рӯзномаи «Ал-Аҳром»: «Ҳизби Наҳзати тоҷикӣ бо Миср меҷангад»

Декабрь 8, 2016 16:21

ДУШАНБЕ, 8.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябри соли равон дар сомонаи интернетии ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ зери унвони «Дар Миср инқилоби нав шурӯъ мешавад» хабар нашр шуд.

Нашри чунин хабари иғвоангези ТЭТ ҲНИТ ҳамчун таблиғи манфии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Миср ба ҳисоб меравад. Ҷониби Миср дар бораи бадхоҳи миллати тоҷику мисрӣ будани роҳбари ТЭТ ҲНИТ ва ҳаммонанд будани фаъолияти он бо дигар ташкилотҳои террористӣ, аз ҷумла «Ихвон-ул-муслимин» ва ДИИШ мақола омода намуда, 18 ноябри соли 2016 дар бахши гуфторҳои сиёсии радиои  «Қоҳираи Кубро» барандаи сиёсии радиои мазкур Аҳмад Ҳатим Абоу муқобили ТЭТ ҲНИТ муддати 5 дақиқа суханронӣ кард.

23 ноябри соли 2016 дар рӯзномаи «Ал-Аҳром»-и Ҷумҳурии Арабии Миср мақолаи рӯзноманигор Саид Маҳмуд Диоб зери унвони «Ҳизби Наҳзати тоҷикӣ аз Осиёи Миёна бо Миср меҷангад» нашр гардид.

Муҳтавои он мақола чунин аст:

Ҳизби Наҳзат, ки ақидааш аз гурӯҳи «Ихвон-ул-муслимин» сарчашма мегирад, дурӯғ мегӯяд, бо дурӯғ нафас мегирад.

Даъвати гурӯҳи номаълум барои гирдиҳамоии рӯзи 11 ноябр дар Миср бар зидди ҳукумати кунунӣ, ки ихвониҳо бо тамоми ҳастии худ ба он омодагӣ диданд, аз ҷониби мардум тарафдор пайдо накард. Он рӯз — рӯзи ором гузашт. Рӯзи фораме буд. Мардуми Миср даъватҳои шубҳаангези шахсони номаълумро нодида гирифт, зеро ин тоифаро чашми дидан надошт.

Аз ҷониби дигар Ҳизби Наҳзати тоҷикӣ то охири рӯз, то анҷоми ҳодиса интизорӣ накашида, хабарҳои бардурӯғро дар саҳифаҳои интернетӣ ҷой дод. Чанд паҳлуи дурӯғ будани он хабарҳо: а) гӯё ҳазорҳо нафар ба кӯчаҳо баромада, истеъфои президентро талаб доранд; б) гӯё гирдиҳамомадагон барқарор намудани Муҳаммад Мурсиро мехоҳанд; в) гӯё афроде аз артиш бар зидди ҳукумат хестаанд.

Ҳол он ки ҳамаи ин хабарҳо дурӯғ ва буҳтон буданд.

ҲНИТ 29 сентябри 2015 бо қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба рӯйхати ташкилоти экстремистӣ-террористӣ дароварда шуд. Фаъолияти Ҳизб аз солҳои 1997 шурӯъ гардида, дар оғоз гӯё симати дӯстона ва сулҳомез дошт. Вале ин сифатҳо якбора ба симати душманӣ ва ҷанг табдил гардида, дар задухӯрд бо қувваҳои амниятии кишвар хуни бегуноҳонро рехтанд. Ин ҳодиса бо роҳбарии узви фаъоли ҲНИТ ва ноиби пешинаи вазири мудофиа Абдулҳалим Назарзода сурат гирифт. Ӯ бо ин амалаш мехост як фитнаву бадбиниро дар байни шаҳрвандон паҳн намояд.

Баъд аз ҳодисаҳои хунин ҲНИТ ҳамчун ҳизби террористӣ шинохта шуда роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ва чанд аъзои фаъоли он, ки сифати «хоини миллат»-ро гирифта буданд, ба хориҷи кишвар фирор намуданд.

Раванди ҳодисаҳо якояк даст доштани ташкилоти террористӣ-экстемистии ҲНИТ-ро дар нооромиҳои Тоҷикистон бори дигар собит сохт. Ҳоло ин ташкилот амалҳои террористии худро аз давлатҳои аврупоӣ мехоҳад пиёда созад. Аз маблағҳои хоҷагони хориҷии шубҳаангезаш барои ноил гаштан ба охирин умедҳои хомӯшгаштаи худ истифода мебарад. Пайравони ин Ҳизб ба гурӯҳҳои террористии ДОИШ пайваст гардидаанд, ки шумораи онҳо ба 600 нафар мерасад.

Ҳукумат бо сарварии Пешвои миллат, созандаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳикмату субот барои пешгирии ҳар гуна адовату амалҳои террористии ҲНИТ чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

ҲНИТ баъд аз ба сари қудрат омадани «Ихвон-ул-муслимин» дар Миср мехост мардуми тоҷикро мутмаин созад, ки онҳо то ҳол қувва ва пайравон доранд. Аммо ҳақиқат хилофи онро нишон дода истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 миллион аҳолӣ дошта, дорои 1340 киллометр сарҳад бо кишвари Афғонистон мебошад. 95 дарсадди мардум мусалмон буда, аз мазҳаби Абу Ҳанифа пайравӣ мекунанд.

ҲНИТ бо амалҳои нопоки худ мехост ақидаи тундгароиро дар минтақаи Осиё паҳн намояд. Аммо ба зудӣ ниқоб аз рӯйи онҳо афтода, аҳдофи аслии онҳо ба ҳамагон маълум гашт.

Гурӯҳи «Ихвон ул-муслимин» душмании худро зидди Миср аз дохил ва хориҷ кофӣ нашумурда, ҳамсангарҳои худро аз Осиё Миёна, махсусан Ҳизби Наҳзати террористиро дар муборизаи хеш ҷалб намуд.

Ҳизби Наҳзат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби террористӣ эълон гашта, бо ҳамяроқони ҳамсояаш, ба монанди «Ҷунбиши Узбекистони Исломӣ», «Гурӯҳи Акрамия», «Ҳизби Таҳрир»,«Ҷунди Хилофа» ва «Ҷунбиши Туркистони шарқии исломӣ» бо ҳукуматҳо мубориза мебарад. Ҳизби террористии Наҳзат мардумро барои харобкории рӯзи «Ҷунбиши фақирон», ки 11 ноябр ба нақша гирифта шуда буд, даъват намуд.

Дар торнамои расмии хеш хабарҳоеро нашр кард, ки гӯё ҳазорон нафар дар гирдиҳамоии 11 ноябр ҷамъ гардида, афроди иборат аз 100 нафар бо либосҳои ба Артиши Миср монанд, аз президенти барканоргашта Муҳаммад Мурсӣ тарафдорӣ мекарданд. Дар асл ҳамаи ин гуфтаҳо хилофи ҳақиқат буд.

Қобили зикр аст, ки Ҳизби Наҳзати террористӣ ба мақсади инқилоб бар зидди Ҳукумати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноиби пешинаи вазири мудофиа -Абдулҳалими Назарзодаро ба бозӣ даровард. Хушбахтона қувваҳои амниятӣ ҷони худро дар хатар гузошта, аз амалҳои номардонаи онҳо саривақт пешгирӣ намуданд. Дар рафти амалиёт қувваҳои амниятӣ 38 террористро нобуд сохта, 161 нафари дигарро дастгир намуданд. Дар натиҷа, аз террористон 520 адад аслиҳаи вазнин ва 11000 муҳимоти ҷангӣ мусодира гардид. Бар асари задухӯрд бо террористон 14 нафар аз афроди қувваҳои амниятӣ ба шаҳодат расиданд.

Рӯзи 29 сентябри 2015 Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби наҳзатро ҳизби террористӣ эълон намуда, ҳамаи фаъолияти онҳоро дар дохили кишвар мамнуъ эълон намуд.

Натиҷаи тафтишот маълум гардонид, ки Абулҳалими Назарзода нақша ва таълимоти худро аз Муҳиддин Кабирӣ — раиси ҲНИТ мегирифт. Абулҳалими Назарзода барои пиёда намудани амалҳои ноҷавонмардонаи худ аз писари раиси ҲНИТ Руҳуллои Тиллозода маблағи 1,200,000 доллари амрикоӣ гирифтааст.

Бино ба таъкиди ВАО, Муҳиддин Кабирӣ пешво ва раиси ҳизби наҳзати террористӣ соли 2012 расман бо раиси барканоршудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ дар Қасри раёсат замони давлатдории Ихвонулмуслимин мулоқот кардааст. Гарчанде мулоқоти мазкур дар Миср зери пардаи махфият баргузор гардида бошад ҳам, Муҳиддин Кабирӣ пас аз бозгашташ ба Тоҷикистон хабари мазкурро аз тариқи нашрияҳо паҳн намуд. Новобаста ба ифшо нашудани тафсилоти  таоҳудоти байни ҷонибҳо, ин нишонаи ошкорои умқи алоқамандии ҳизби наҳзати террористӣ ва ҷамоати ихвониҳоро дар Миср нишон медиҳад.

Ҷои тааҷҷуб дар он аст, ки тибқи нақлҳои роҳбарият ва аъзоёни «Наҳзати террористӣ» онҳо фикру ақидаҳои «Ихвон-ул-муслиминро аз толибилмони тоҷик, ки ба Қоҳира ҷиҳати таҳсил дар Азҳари Шариф омада буданд, гирифтаанд. Толибилмони солҳои ҳафтодум тавонистанд, чанде аз китобҳои асосгузори Ихвониҳо ба монанди Ҳасан Бано ва Саид Қутбро бо худ гиранд. Гурӯҳҳои террористие, ки аз ҷамоати Ихвонулмуслимин бино бар асоси таълимоти Сайид Қутб ҷудо гардида буданд, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозро бо дарназардошти сарватҳои зиёди нафтӣ ва табиӣ дар ин минтақа мавриди ҳадаф қарор доданд.

Ислом дар ин сарзаминҳо дар асри ҳаштуми мелодӣ ҳангоми футуҳоти исломӣ интишор ёфта буд. Мардуми ин кишварҳо суннимазҳаб буда, пайрви мазҳаби Абу Ҳанифа мебошанд. Андешаҳои тундгароӣ дар ин сарзаминҳо танҳо баъди интишори вабои сиёсӣ ва динӣ дохил гашт. Чунин андешаҳои такфирӣ дар солҳои навадум, иштёқи мардумро ба Ислом дар давраи ҳукмронии Иттиҳоди Шуравӣ, ки он замон баъзе маҳдудиятҳо ба мушоҳида мерасид, ба манфиати кори худ суйистифода карданд.

ҲНИТ-и террористӣ фаъолияти худро дар ҷанги шаҳрвандӣ, ки солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон рух дод,  ҳамчун «Ҷиҳод дар роҳи Худо» рӯйпӯш мекард, вале худи он дар асл сабабгори аслии ин ҷанги шарвандӣ мебошад.

Сарфи назар аз лофҳое, ки раиси имрӯзаи ҳизб мегӯяд, ки «мо барои тағйири низом аз хушунат истифода намебарем ва роҳи мо тағйири сиёсии ботадриҷ мебошад», ин гуфтаҳо худ далолат ба ҳамфикр будани ӯро бо Ихвониҳо мекунад.

Ҳамчун хулоса гуфтан мумкин аст, ки ҳизби террористии Наҳзат бо гурӯҳи «Ихвон-ул-муслимин» ҳамфикру ҳамҳадаф буда, яке аз шохаҳои хориҷии «Ихвон-ул-муслимин» ба шумор меравад. Гурӯҳи «Ихвон-ул-муслимин» низ дар Миср баъд аз шуриши 30 июн, дар рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дарҷ гардид.

ҲНИТ-и террористӣ яке аз ҳизбҳои исломӣ дар минтақаи Осиёи Миёна ба шумор меравад. Таъсиси ин ҳизб аз ҷониби гурӯҳе аз ҷавонон соли 1973 дар асоси фикрҳои ихвониҳои Миср сурат гирифт. Иқдоми онҳо баъд аз вохӯриҳои пай дар пай бо донишҷӯёни араб, ки ба мақсади таҳсил ба кишварҳои Иттиҳоди Шуравӣ сафар мекарданд, сурат гирифт. Донишҷӯёни араб китобҳои пешвоёни ихвониҳо, ба монанди Ҳасан Бано, Сайид Қутб ва Муҳаммад Қутбро дар байни ҷавонон ба мақсади бештар намудани фишорҳои ақидавӣ болои роҳбарияти Иттиҳоди Шуравӣ паҳн мекарданд. Он замон фикрҳои марксистӣ  дар байни мардум роиҷ буд.

ҲНИТ бо фазилати аҳдномаи Москва, ки бо Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, шарики ҳукм дар Давлат гардид. Тибқи ин аҳднома, ҲНИТ дар мақомотҳои давлатӣ шарик гашта, гурӯҳҳои мусаллаҳи он ба артиши кишвар ҳамроҳ гардиданд.

Дар аввал роҳбарияти ҲНИТ бар ӯҳдаи Абдуллои Нурӣ буд, ки соли 2006 вафот кард. Сипас ин мақом ба ӯҳдаи Муҳаммадшариф Ҳимматзода гузашт, ки соли 2010 аз дунё чашм пушид. Муҳаммадшариф Ҳимматзода бидояти ҲНИТ-ро чунин нақл кард: «Бидояти ҲНИТ дар водии Фарғона, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон ҷойгир аст, соли 1978 пайдо гардида буд. Ин фикрҳо  дар байни донишҷӯён ба зудӣ паҳн гашт. Сабабҳои паҳншавӣ, ин вохӯрӣ бо донишҷӯёни хориҷӣ, ки аз давлатҳои арабӣ ба монанди Миср, Урдун, Алҷазоир ва Либия барои таҳсил меомаданд, ҳисобида мешуд. Донишҷӯёни хориҷӣ бо худ китобҳои исломиро меоварданд. Ба ин васила фиркҳои ихвониҳоро фаҳмидем ва исломи сиёсӣ ҳамин хел ба мо расид».

Пас заминаи Ҳизб ихвонӣ буда, дар асоси фикрҳои Ҳасан Бано арзи ҳастӣ намудааст…

Маълумотномаи  АМИТ «Ховар»:

Рӯзномаи «Ал-Аҳром» 27 декабри 1875 бо ташабуси бародарҳо Башора ва Салим Тақла дар шаҳри Искандарияи Ҷумҳурии Арабии Миср таъсис дода шудааст. Дар он солҳо шаҳри Искандария макони иқомати афрангиҳо ба шумор мерафт.

Имрӯзҳо рӯзномаи «Ал-Аҳром» дар як шабонарӯз то 2 млн. тираж чоп мегардад. Ягона рӯзномаи давлатии пурқудрат дар Миср буда, аз ҷиҳати шумораи чоп ва хонанда ҷои аввалро ишғол менамояд. Илова ба ҳама муассисаи давлатӣ ба шумор рафта, аз тарафи давлат ҳамаҷониба ҷонибдорӣ мегардад.

1 ноябри 1968 «Ал-Аҳром» ба бинои нави худ гузашт. Ин бино яке аз калонтарин биноҳои чопхона дар саросари олам ба шумор меравад. Бинои нав бо технологияи пешрафтаи типографӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар баробари чопи рӯзнома фаъолияти тарҷумаю нашр, фурӯши китобҳо, содироту воридот, реклама ва чопи 15 намуди дигари рӯзнома, ҳафтанома ва маҷалла ба роҳ монда шудааст. Хабарҳои рӯзмарра дар торнамои http://www.gate.ahram.org.eg/ нашр мегарданд.

«Ал-Аҳром» ба забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ низ чоп мегардад. Нусхаи электронӣ ба кишварҳои аврупо ва давлатҳои арабӣ шабона фиристода шуда, дар саросари кишвари Миср нашр мегардад.

 

 

 

Декабрь 8, 2016 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад