Сарҳади Тоҷикистон бояд ҳамчун марзи байналмилалӣ дар мубориза бар зидди терроризм тақвият дода шавад
Душанбе, 05.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Бисёр дидгоҳҳо ва фаҳмишҳое, ки ба таври қолабӣ мутахассисони хориҷӣ аз рӯи маводи ВАО ҳосил кардаанд, асоси воқеӣ надоранд. Бинобар ин вақте иштирокдорони ҳамоиш таҷрибаи воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза бо экстремизм ва терроризм шуниданд, ба он баҳои баланд доданд. Хусусан гуфта шуд, ки Тоҷикистон дар сафи пеши ин мубориза дар минтақаи ҳассостарин қарор дорад ва бояд ҳамкорӣ барои таҳкими сарҳади Тоҷикистон ҳамчун марзи байналмилалӣ дар мубориза бар зидди терроризм тақвият дода шавад»,-иброз намуд Абдуллои Раҳнамо, сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз иштирок дар кори чорумин муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 1-2 декабри соли равон дар пойтахти Ҳиндустон-шаҳри Деҳлӣ чорумин муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Муколамаи Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ ҳамоиши бузургест, ки дар он намояндагони ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва мақомоти олии кишвари Ҳиндустон робитаҳои Ҳиндустон ва Осиёи Марказиро дар ҳамаи бахшҳо муҳокима ва дурнамои онро муайян мекунанд.
Имсол ин ҳамоиш дар панҷ ҷаласаи алоҳида доир шуд, ки дар онҳо нақши Ҳиндустон дар низоми байналмилалӣ, равобити дуҷонибаи Ҳиндустон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории Ҳиндустон бо Осиёи Марказӣ, масоили ҳамкории иқтисодию энергетикӣ ва дар ҷаласаи панҷум ҳамкорӣ дар бахши фарҳанг, маориф ва илм баррасӣ шуданд.
Тоҷикистонро дар ҳамоиш ҳайати босалоҳият бо роҳбарии муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомиддин Аслзода намояндагӣ кард. Ба он сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллои Раҳнамо, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ҳиндушинос Замира Ғаффорова низ шомил буданд. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов низ дар ҳамоиш ширкат дошт.
Бино ба маълумоти Абдуллои Раҳнамо, дар муколама ҷониби Тоҷикистон бо таҳлилҳо, пешниҳодҳо, мавқеъҳои устувору коркардшуда таваҷҷуҳи аксари ҳозиронро ҷалб кард.
«Дар бахши энергетика муҳимтарин нукта ин буд, ки захираҳои энергетикии Тоҷикистон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки аҳамияти минтақавӣ ва фароминтақавӣ доранд, зеро ҷониби Ҳиндустон ба захираҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳамчун яке аз манбаъҳои имконпазири таъмини иқтисодиёти рушдкунандаи Ҳиндустон бо энергетика таваҷҷуҳ дорад. Масалан гази Туркманистон ва барқи Тоҷикистон наздиктарин манбаъҳои бузурги энергетикӣ барои Ҳиндустонанд, зеро иқтисоди Ҳиндустон ҳоло бо суръати баландтарин дар ҷаҳон рушд мекунад ва ҳамасола эҳтиёҷи Ҳиндустон ба энергетика зиёд мешавад»,- илова намуд А. Раҳнамо.
Дар бахши амнияти минтақа сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллои Раҳнамо сухан гуфта, як навъ стратегия ё биниши нави мубориза бо терроризм ва экстремизмро, ки аз таҷрибаи Тоҷикистон дар ин самт ҳосил шудааст, ба ҳозирин муаррифӣ кард.
Дар ҳамоиш намояндагони ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон низ мавқеъ ва дидгоҳи назари худро иброз намуданд. Дар охир бо як баёнияи ниҳоӣ муколамаи дурӯза кори худро анҷом дод ва дар он самтҳои асосии ҳамкории Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ барои оянда мушаххас шуданд.








Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ: Тоҷикистон дар сатҳи 95 фоиз худро бо орд таъмин менамояд
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Ёвон 21 тонна пилла супориданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Сокинони минтақаи Рашт ба зарардидагони офати табиии шаҳри Кулоб кумак расониданд
МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ «Устоди алоқа»!
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ силсилавохӯриҳо баргузор мегарданд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Балҷувон иқдоми «300 рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд






