Шӯрои Даниягӣ оид ба гурезагон дар Тоҷикистон фаъолияташро то охири соли 2016 ба анҷом мерасонад
Душанбе, 01.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии Шӯрои Даниягӣ оид ба гурезагон фаъолияташро то охири соли 2016 дар Тоҷикистон хотима мебахшад. Дар ин бора аз Намояндагии мазкур хабар доданд.
Мақсади фаъолияти шӯро дар Тоҷикистон аз ҳифзи гурезаҳо, паноҳҷӯён ва шахсони бешаҳрвандӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори онҳо барои расидан ба зиндагии устувор ва баланд бардоштани тобоварии онҳо иборат буд.
Шӯро соли 2010 дар Тоҷикистон таъсис ёфта, бо гурезагон ва шахсони бешаҳрвандӣ кор мекард.
Ташкилот инчунин омӯзишҳои касбӣ ва соҳибкориро ба беш аз 498 гурезаву паноҳҷӯянда омӯзонда, онҳоро бо маводи ғизоӣ ва ғайриозуқавӣ таъмин менамуд. Соли 2016 шӯро Маркази муваққатии истиқоматиро барои 51 нафар гурезагони тозаворидшуда таъмир намуда, моҳи июни соли равон ин биноро ба ВКД супорид.
Масъалаи гурезагон дар сатҳи ҷаҳон масъалаи хеле ҳассос ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон шумораи гурезагон марбут ба низоъ дар Афғонистон коҳиш ёфта, теъдодашон кам мешавад. Аз сабаби кам будани паноҳҷӯён дар Тоҷикистон ин ташкилот ба фаъолияташ дар ин ҷо хотима мебахшад.
Шӯрои мазкур ташкилоти ғайридавлатии башардӯстона буда, соли 1956 таъсис ёфтааст ва дар он беш аз 40 давлати дунё фаъолият менамоянд.
Ташкилот фаъолияташро дар Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ бо дафтари марказӣ дар Кобул ва фаъолият дар Афғонистон, Покистон ва Эрон идома хоҳад дод.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






