Шаҳрванди Афғонистон ҳангоми паҳн кардани пулҳои қалбакӣ дастгир гардид
ДУШАНБЕ, 09.12.2016 / АМИТ «Ховар»/. Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони раёсати КДАМ ҶТ дар ҳудуди ВМКБ шаҳрванди Афғонистон Шоҳиззат валади Сироҷиддинро бо ҷурми паҳн кардани пулҳои қалбакӣ бо асъори хориҷӣ ва сомонӣ дар назди бозори наздисарҳадии Рузваи ноҳияи Дарвоз дастгир карданд. Зимни азназаргузаронии шахсӣ аз номбурда ба миқдори зиёд маблағҳои қалбакии хориҷӣ ва сомонӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд.
«Мувофиқи маълумоти фаврӣ шаҳрванди ҶИА Шоҳиззат валади Сироҷиддин, соли таваллудаш 1976, зода ва истиқоматкунандаи қарияи Руғанаки вулусволии Шикаи вилояти Бадахшони ҶИА аз гурӯҳҳои террористӣ ғайриқонунӣ асъори хориҷӣ ва сомонии қалбакӣ дастрас намудааст», — омадааст дар хабари маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ.
Айни замон нисбат ба шаҳрванди ҶИА Шоҳиззат валади Сироҷиддин аз тарафи шуъбаи тафтишоти КДАМ ҶТ дар ВМКБ бо дастрасии моддаи 281-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






