Шахси номаълум дар ҳудуди Кохи ҳукумати Таиланд 5 таркиш ба амал овард

Декабрь 27, 2016 15:17

ДУШАНБЕ, 27.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи барвақти рӯзи сешанбе як марди номаълум вориди ҳудуди Кохи ҳукумати Таиланд шуда, болои боми шуъбаи почтаи он ҷо буда баромад ва аз он ҷо 5 маводи таркандаро паси ҳам дар шакли саққоҳои бозии пинг-понг (тенниси рӯимизӣ) партофт. Дар ин бора рӯзномаи «Nation» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои нашрия, ҳодисаи мазкур боиси ваҳми муваққатии кормандони дастгоҳи ҳукумат гардидааст.
Кохи ҳукумати Таиланд аз маҷмӯи биноҳо иборат аст, ки дар онҳо девони вазирон ва дастгоҳи ҳукумат фаъолият мекунанд.
Ҳоло аз ҷониби полис дастгир гардидани шахси ҷинояткор маълум нест. Тавре рӯзнома хабар медиҳад, ҳангоми таркиш касе осеб надидааст.

Декабрь 27, 2016 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад