Шоҳмотбози норвегиягӣ Карлсен аз нав чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот гардид
Душанбе, 01.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шоҳмотбози норвегиягӣ Магнус Карлсен аз нав чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот гардид. Ӯ ҳарифи худ Сергей Карякини русро дар бозӣ барои унвони чемпионӣ мағлуб кард. Дар ин бора агентии «Лента.ру» хабар додааст.
«Аз 11 то 28 ноябр дар 12 бозии байни ин шоҳмотбозон натиҷаи мусовӣ ба қайд гирифта шуд. Аммо аз 4 бозии рапид (25 дақиқаву 10 сония барои як гашт) Магнус Карлсен дар дутоаш ғолиб омада, соҳиби унвони чемпионӣ ва маблағи 600 000 доллари амрикоӣ гардид»,- иттилоъ медиҳад манбаъ.
Ба ҳамин тартиб, Магнус Карлсени 26- сола унвони чемпиониро, ки соли 2013 ба даст оварда буд, аз нав ҳимоя кард.








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






