Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ 25 кг маводи мухаддир дарёфт намуданд
Душанбе, 06.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ аз минтақаҳои дидбонгоҳҳои сарҳадии Отряди сарҳадии «Шӯрообод»-и ҚС КДАМ ҶТ 25 кг маводи мухаддири навъи афюн ва 4 кг бангдона дарёфт намуданд.
Тавре Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, «ин миқдор маводи мухаддир ҳангоми пешгирии ду ҳолати воридшавии маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи азназаргузаронии ҷои ҳодиса мусодира гардидааст».
Ба иттилои М. Улуғхоҷаев, «қочоқбарони афғон ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ бо наряди сарҳадӣ ва кормандони КДАМ ҶТ рӯ ба рӯ мешаванд. Сарҳадбонон мувофиқи талаботи Оинномаи Қӯшунҳои сарҳадӣ амал намуда, барои нигоҳ доштани вайронкунандагони сарҳади давлатӣ ба осмон тир холӣ менамоянд. Қочоқбарони афғон ба амри муҳофизони сарҳад итоат накарда, ба онҳо муқобилият нишон медиҳанд. Дар натиҷа байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ меояд ва қочоқбарони афғон ба самти Афғонистон фирор менамоянд».
Нисбат ба ин ҳодисаҳо аз тарафи Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон корҳои тафтишотӣ идома доранд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






