Шурӯъ аз имрӯз дар минтақаҳои ҷумҳурӣ таъминоти барқ боз як соат зиёд шуд

Декабрь 12, 2016 15:31

ДУШАНБЕ, 12.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои манотиқе, ки мутобиқи ҷадвали маҳдудият барқ мегиранд, шурӯъ аз имрӯз, 12 декабри соли 2016 таъминоти барқ боз як соат зиёд шуд. Ин имконият баъди пурра ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» пайдо гашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» хабар доданд.
Акнун ҳамаи минтақаҳои кишвар пагоҳӣ аз соати 05-00 то 10-00 ва бегоҳӣ аз соати 16-00 т о 22-00 барқ мегиранд.
Барои риояи ҳатмии ин ҷадвал роҳбарони ҳамаи шабакаҳои барқӣ аз ҷониби Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» супориши мушаххас гирифтанд. Дар он соатҳое, ки бо сабабҳои техникӣ, аз ҷумла рўй додани садамаҳо муштариён барқ намегиранд, баъди аз байн бурдани садама дар дохили ҳамон шабонарўз миқдори соатҳои барқи нагирифтаашон ҷуброн мегардад.
ШСХК «Барқи Тоҷик» бо камоли эҳтиром аз муштариён хоҳиш менамояд, ки аз барқ сарфакорона истифода бурда, ҳаққи истифодаи неруи барқро сари вақт пардохт намоянд.
Вобаста ба риоя нашудани таъминоти барқ ва садамаҳо ҳар як муштарӣ метавонад тавассути телефонҳои боварӣ бо ширкат дар тамос шавад.
Телефонҳои боварии ШСХК «Барқи Тоҷик»: 235-86-74; 235 86 84; 610-60-50; 295-202.

Декабрь 12, 2016 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Руҳафзои ноҳияи Темурмалик 9 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи якуми фасли тирамоҳ то 1 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Аз соли 2027 шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия кадом талаботи навро бояд риоя намоянд?
Оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолият ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамоиш доир шуд
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба соли нави таҳсил омода мебошанд
ОГОҲӢ! Аз 29 то 31 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои маҳаллӣ пешгӯӣ мешавад
Самаранокии идоракунии молиявӣ бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид