Суғд: кумак ба ятимону бепарасторон дар арафаи Иди Соли нав

Декабрь 29, 2016 18:54

ДУШАНБЕ, 29.12.2016. /АМИТ Ховар/. Дар арафаи  Иди Соли нави мелодӣ  Абдураҳмон Қодирӣ,  Раиси вилояти Суғд бошандагони   мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро аёдат намуд. Дар ин бора ба   АМИТ «Ховар»  аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд  иттилоъ доданд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо кӯдакону наврасон ва кормандони ин муассисаи иҷтимоӣ  зикр кард, ки ятимону бепарасторон таҳти таваҷҷуҳи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор дошта,  дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат Пешвои миллат  аёдати шахсони яккаву танҳо, табақаи ниёзманди ҷомеа,  ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторонро аз фазилатҳои неки инсонӣ унвон карданд ва  масъулини мақомоти маҳаллӣ, корхонаву ташкилот ва шахсони дороро баҳри анҷоми кори хайру савоб ҳидоят намуданд.

Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин таъкид кард, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаи муассиса роҳбарияти вилоят тадбирҳои судманд меандешанд. Аз ҷумла, баҳри таъмини  бинои мактаб-интернат бо низоми  ягонаи гармидиҳӣ  маблағҳои зарурӣ  ҷудо намуда,  таъмири хобгоҳ, харидории 100 адад мизу курсӣ ва либосҳои варзиширо  ба нақша гирифтааст. Инчунин соли оянда  барои тарбиятгирандагон майдони варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ сохта мешавад.

Раиси вилоят ба 106 нафар хонандагони мактаб-интернат туҳфаҳои идона,  аз қабили маҷмӯи либосҳои зимистона, чор адад компютер, тӯбҳои варзишӣ, 19 намуди асбобҳои мусиқӣ, ду адад дастгоҳи адрасу атласбофӣ ва ғайра тақдим намуд.

Декабрь 29, 2016 18:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд