Вазъи корхонаҳои саноатии шаҳри Конибодом санҷида шуданд
ХУҶАНД, 10.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муовини раиси вилояти Суғд оид ба соҳаи саноат ва энергетика Заробиддин Файзуллозода бо гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз вазъи корхонаҳои саноатии шаҳри Конибодом дидан намуданд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд.
Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят корхонаҳои «Билол Суюлин Семент», «Шоҳон», ҶС «Ассор», «Нафтрасон», ҶСК «Конибодом», ҶСП «Ресмон» ва ҶСК«Бодом» аз назар гузарониданд.
Муовини раиси вилоят дар назди роҳбарони корхонаҳо вазифаҳои мушаххас гузошта, барои бартараф намудани камбудиҳо, таъмини пешрафти кор, беҳтар намудани сифати молу маҳсулот, инчунин истифодаи иқтидорҳои мавҷуда дастур ва супоришҳои қатъӣ дод.
Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Конибодом давоми соли ҷорӣ 6 коргоҳҳои саноатӣ бо 153 ҷойи корӣ ба истифода дода шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






