12 январ қуръакашии ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 11.01.2017/АМИТ «Ховар»/. 12 январ дар қароргоҳи ФФТ қуръакашии мусобиқаи футболбозон барои ҷоми ин ниҳод дар минтақаи Душанбе баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи ФФТ иттилоъ медиҳад.
Аз рӯи анъана мусобиқа барои ҷоми ФФТ дар ду марҳала интихобӣ ва ниҳоӣ гузаронида мешавад. Марҳалаи интихобӣ дар се минтақа- Душанбе, вилояти Суғд ва Хатлон доир гардида, 8 дастаи беҳтарин ба мусобиқаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд.
Бино ба иттилои ФФТ, бозиҳои ниҳоӣ аз 10 то 19 феврал дар шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.
«Дастаҳое, ки ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат мегиранд, вале ба он ҳозир намешаванд, ба муҷозоти молӣ ба маблағи 10 000 сомонӣ гирифтор хоҳанд шуд»,-омадааст дар хабари сомонаи ФФТ.
Ёдрас мешавем, ки соли 2016 дастаи «Регар ТадАЗ» дар бозии ниҳоӣ бар «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, соҳиби ҷоми ФФТ гардида буд.








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






