28 январ-Рӯзи умумиҷаҳонии бекорон: Порсол дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд

Январь 28, 2017 08:07

Минтруд ТаджДУШАНБЕ, 28.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи умумиҷаҳонии бекорон ҳамасола 28 январ ҷашн гирифта мешавад. Мақсад аз таҷлили ин рӯз ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли  ҷомеа ба мушкилоти шуғли аҳолӣ мебошад.

Тавре ки аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, соли 2016  ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ беш аз 119 ҳазор  нафар муроҷиат намудаанд, ки 77 ҳазору 349 нафари онҳо ҳамчун корҷўй ба қайд гирифта шуда, ба 51 299 нафар расман мақоми бекор дода шудааст.

Бино ба иттилои вазорат, дар доираи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ»   барои таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои кории нав ва бокортаъминсозии шаҳрвандон тадбирҳои  мушаххас  андешида шудаанд Аз ҷумла,  тавассути мақомоти шуғли аҳолӣ  дар маҷмўъ 39 067  нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд, ки  112,4 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Ба воситаи   ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 2 876 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 3 946 нафар соҳиби ҷои кор шуданд. Дар  давраи ҳисоботӣ ба 11 106 нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор ба муддати то 3 моҳ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардид.

Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷои кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин давра 702 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд. 5 606 нафар корҷўй дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷои  гардиданд. Ба 6 144 нафар роҳхат барои касбомўзӣ дода шуда, 1778 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд.

Дар асоси 246 шартномаи тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 6 818 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 18 540 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети барнома дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омўзиши касбӣ фаро гирифта шуданд.

Дар маҷмўъ, дар соли 2016 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 193 639 нафар хизматрасонии иҷтимоӣ расонида  шуд.

Мувофиқи маълумоти  расмии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар нуҳ моҳи соли 2016  аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар маҷмўъ  114 368 ҷойи нави корӣ, иловагӣ ва барқароршудаи корӣ таъсис дода шудаанд.

 

 

 

Январь 28, 2017 08:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд