Аҳтам Абдуллозода: «Рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳо бе иштироки ҷавонон ғайриимкон аст»

Январь 27, 2017 17:55

ДУШАНБЕ, 27.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи афсарон»- и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори Анҷуман 82 нафар вакилон иштирок намуданд.
Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд, ки эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон аз мавқеи махсус доштани ҷавонони ҷумҳурӣ дар сиёсати давлатии соҳибистиқлол гувоҳӣ медиҳад.
«Воқеан ҷавонон дар ҷаҳони муосир ҳамчун қувваи бузурги пешбаранда эътироф шудаанд. Имрӯз рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ягон кишварро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Таҷрибаи солҳои охир дар ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки дар кори ба даст овардани сиёсати иқтисодӣ ва инкишофи усулҳои ҷомеа ҳамон кишварҳое муваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва аз имкониятҳои фаровони ақлониву ҷисмонӣ ва неруи зеҳнии онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд»,- гуфт Раиси Кумитаи ҷавонон .
Ҳамчунин Аҳтам Абдуллозода таъкид намуд, ки ҷавонон дар шароити имрӯза нисбат ба насли бузургтари худ ба воқеияти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии муосир тезтар мутобиқ гардида, дар бунёди ҷомеаи устувор метавонанд саҳми босазо гузоранд.

Январь 27, 2017 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад